Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Дар байни одамони он ҷо марде ҳузур дошт, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки мехостанд ба сари Исо айб монанд, аз Исо пурсиданд: «Оё аз рӯи шариат дар рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?» Сардори ибодатхона, аз он ки Исо дар рӯзи истироҳат занро шифо бахшид, хашмгин шуда, ба мардум гуфт: «Барои кор кардан шаш рӯз ҳаст ва бояд на дар рӯзи истироҳат, балки дар яке аз ҳамин рӯзҳо омада, шифо ёбед». Исо ба қонуншиносону фарисиён муроҷиат намуда гуфт: «Дар рӯзи истироҳат касеро шифо додан мумкин аст ё не?» Аз ин сабаб роҳбарони яҳудӣ ба марди шифоёфта гуфтанд: «Имрӯз рӯзи истироҳат аст, бинобар ин раво нест, ки ҷойгаҳатро бардошта барӣ!» Агар шумо барои вайрон нашудани шариати Мӯсо дар рӯзи истироҳат писаратонро хатна мекарда бошед, пас чаро аз Ман хашмгин мешавед, ки дар рӯзи истироҳат инсонеро пурра шифо бахшидам?
Выбор основного перевода