Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Яҳудои хиёнаткор ба сухан даромада гуфт: «Мабодо ман набошам, устод?»Исо дар ҷавоб гуфт: «Худат ҳамин тавр гуфтӣ». Вақте Яҳудои хиёнаткор дид, ки Исо ба марг маҳкум шуд, аз кори кардааш тавба кард. Ӯ он сӣ тангаи нуқраро назди сардорони рӯҳонӣ ва пирон баргардонда оварду Инак, хиёнаткор ба онҳо пешакӣ чунин шарт карда буд: «Бидонед, касеро, ки бӯсидам, ҳамон шахсест, ки бояд дастгир кунеду таҳти назорат гирифта баред». Матто ва Тумо, Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Шимъӯн, ки ба ӯ лақаби Ватандӯстро гузошта буданд, Аммо дар байни шумо шахсоне ҳам ҳастанд, ки имон намеоваранд». (Исо аз аввал медонист, ки ба Ӯ кӣ имон наовардааст ва кӣ дар ҳаққи Ӯ хиёнат мекунад). Ҳамин вақт Яҳудои Исқарют, яке аз шогирдон, ки дар оянда ба Исо хиёнат мекунад, гуфт: Зеро Ӯ медонист, ки дар ҳаққаш кӣ хиёнат мекунад ва барои ҳамин гуфт, ки на ҳама пок ҳастанд. Исо ҷавоб дод: «Ба кӣ луқмаи нонро дар коса тар карда диҳам, ҳамон аст». Баъд луқмаи нонро тар карда, ба Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют дод. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ он ҷоро медонист, чунки Исо ва шогирдонаш бисёр вақт дар он ҷо ҷамъ меомаданд. Онҳо ҷавоб доданд: «Исои Носириро». «Ин Манам», - ҷавоб дод Исо. Яҳудо, ки ба Исо хиёнат кард, низ ҳамроҳи онҳо буд.
Выбор основного перевода