Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Сипас Исо ба баландие баромада, онҳоеро ки мехост, ба наздаш даъват кард ва онҳо омаданд. Баъд аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро вакил таъин намуд, ки доимо бо Ӯ бошанд, то ки онҳоро барои ба мардум эълон кардани хушхабари Худо фиристад ва онҳо қудрати берун кардани девҳоро дошта бошанд. Он дувоздаҳ нафар инҳоянд: Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус меномид, Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид, Андриёс, Филиппус, Барталмо, Матто, Тумо, Ёқуб, ки писари Ҳалфӣ буд, Таддо, Шимъӯни Ватандӯст ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад.Баъд Исо ба хона рафт. Дар он рӯзҳо Исо барои дуо кардан ба кӯҳ баромад ва тамоми шабро бо дуои Худо гузаронид. Вақте ки субҳ дамид, шогирдонашро ба наздаш ҷеғ зада, аз миёнашон дувоздаҳ нафарро интихоб кард ва онҳоро вакил номид, ки инҳоянд: Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъӯн Андриёс, Ёқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо, Матто ва Тумо, Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Шимъӯн, ки ба ӯ лақаби Ватандӯстро гузошта буданд, Яҳудои писари Ёқуб ва Яҳудои Исқарют, ки оқибат хиёнаткор мешавад. Яке аз он ду нафар, ки суханони Яҳёро шунида, аз паси Исо равона шуд, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус буд. Ӯ аввал бародари худ Шимъӯнро ёфта ба ӯ гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем» (Маънои калимаи «Масеҳ» Таъиншудаи Худо аст). Андриёс Шимъӯни Петрусро ба назди Исо овард. Исо бо диққат ба ӯ нигоҳ карда гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Аммо аз ин баъд Кифо номида мешавӣ (Калимаи Петрус бо юнонӣ ва Кифо бо арамеӣ - маънои ҳардуяш ҳам „санг” аст). Рӯзи дигар Исо қарор дод, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд. Филиппус ҳам монанди Андриёс ва Петрус яке аз сокинони Байт-Сайдо буд. Филиппус, дар навбати худ, Натаноилро ёфта, ба ӯ гуфт: «Мо он касеро ёфтем, ки дар борааш Мӯсо дар шариат ва пайғамбарон дар гуфтаҳои худ навишта буданд! Ин Исои писари Юсуф, аз аҳли Носира аст». «Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?»- гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ». Исо Натаноили ба наздаш омада истодаро дида, дар бораи ӯ гуфт: «Ана ин исроилии ҳақиқист, ки дар дил макре надорад». «Ту маро аз куҷо мешиносӣ?»- пурсид Натаноил. Исо ба ӯ ҷавоб дод: «Ҳанӯз, пеш аз он ки Филиппус туро фарёд кунад, Ман туро дар зери дарахти анҷир дидам». «Устод, Ту Писари Худо ва Подшоҳи Исроил ҳастӣ!» - гуфт Натаноил.
Выбор основного перевода