Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Зеро чи хеле ки дигаронро айбдор ҳисоб кунед, ҳамон тавр шумо айбдор ҳисоб карда мешавед ва бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад. Чунки ҳар кӣ чизе дорад, ба ӯ боз ва аз ҳад зиёд дода мешавад, аммо касе, ки надорад, ҳатто он андаке, ки дорад, аз ӯ кашида гирифта мешавад. Ана барои чӣ Ман ба онҳо бо масалҳо нақл мекунам: онҳо дида метавонанду намебинанд, шунида метавонанд, вале на мешунаванду на мефаҳманд. Бидиҳед ва ба шумо низ дода мешавад: ба андозаи хуби ҷунбонидаю фишурдашуда ва лабрезшуда ба доманатон меандозанд, зеро бо кадом санги тарозу баркашед, бо ҳамон санг ба шумо баркашида мешавад».
Выбор основного перевода