Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Он гоҳ Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки ба подшоҳии Худо дохил шудани шахси сарватманд бениҳоят душвор аст. Боз мегӯям, ки аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси сарватманд ба подшоҳии Худо дохил шавад». Исо ба гирду атроф нигоҳ карда, ба шогирдонаш гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст». Шогирдон аз суханони Исо ба ҳайрат афтоданд. Пас Исо такрор карда гуфт: «Эй фарзандонам! Ба подшоҳии Худо дохил шудан чӣ душвор аст. Сипас, ба ҳама муроҷиат карда гуфт: «Аз ҳар гуна ҳирсу чашмгуруснагӣ ҳазар кунед, зеро ҳаёти одам аз зиёдатии боигариаш иборат нест». Баъд ба онҳо масалеро гуфт: «Замини як марди бой ҳосили фаровоне ба бор овард. Вай худ ба худ фикр карда гуфт: „Чӣ кор бояд кунам, охир барои ҷамъ кардани ҳосили худ ҷое надорам?”. Баъд гуфт: „Ана чӣ кор мекунам - анборҳои худро вайрон карда, калонтарашро месозам ва тамоми ҳосилу боигариамро ба он ҷо бурда, ба худ мегӯям: Акнун ту боигарии бисёре дорӣ, ки барои солҳои зиёде мерасад. Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва аз кайфу сафои зиндагӣ бебаҳра намон”. Вале Худо ба вай гуфт: „Эй нодон! Ҳамин шаб ҷонат аз ту талаб карда мешавад. Пас, он чӣ захира кардаӣ, насиби кӣ мегардад?”. Ҳамин тавр бо ҳар касе мешавад, ки барои худ боигарӣ ҷамъ мекунад, вале дар назари Худо бой нест». Исо ба вай нигоҳ карда гуфт: «Ба подшоҳии Худо дохил шудани одамони бой чӣ душвор аст. Аз сӯрохи сӯзан гузаштани шутур осонтар аз он, ки шахси бой ба подшоҳии Худо дохил шавад».
Выбор основного перевода