Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамон қадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд. Баъд наздик омада, дасти худро рӯи тобут гузошт ва тобутбардорон аз роҳ бозистоданд. Сипас Ӯ гуфт: «Эй бародар! Ба ту мегӯям, бархез». Ба шумо рост мегӯям, вақту соате меояд ва аллакай фаро расидааст, ки мурдагон садои Писари Худоро мешунаванд ва ҳар касе, ки Ӯро бишнавад, зинда мешавад. Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате фаро мерасад, ки ҳамаи мурдагон садои Ӯро шунида аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳо, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои маҳкум шудан бармехезанд. Инро гуфта, бо овози баланд хитоб кард: «Эй Лаъзор, берун баро!»
Выбор основного перевода