Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Бисёр заноне, ки дар Ҷалил ба Исо ҳамроҳ шуда ба Ӯ хизмат мекарданд, низ дар ҳамон ҷо буданд. Онҳо дар масофае истода, ба ҳамаи ин нигоҳ мекарданд. Исо аз ӯ пурсид: «Номат чист?» Ӯ ҷавоб дод: «Номам Лашкар аст, чунки мо бисёрем». Чанд зан ҳам он ҷо буданд, ки аз дур ин ҳодисаҳоро медиданд. Дар байни онҳо Марями Маҷдалия, Салӯмит ва Марям, ки модари Ёқуби хурдсол ва Юшо буд, низ ҳузур доштанд. Исо субҳи рӯзи якшанбе аз нав зинда шуд ва аввал ба Марями Маҷдалия, ки аз вуҷуди ӯ ҳафт девро берун карда буд, худро зоҳир кард. Пас, рӯҳи нопок рафта, ҳафт рӯҳи аз худаш ҳам бадтарро меорад ва ҳамаи онҳо ба он хона даромада зиндагӣ мекунанд. Дар натиҷа аҳволи он шахс аз ҳолати аввалааш ҳам бадтар хоҳад шуд». Вале ҳамаи онҳое, ки Исоро пештар мешинохтанд ва занҳое, ки бо Ӯ аз Ҷалил омада буданд, аз дур истода тамоми воқеаҳоро медиданд.
Выбор основного перевода