Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
«Императорро»,- ҷавоб доданд онҳо.Он гоҳ Ӯ ба онҳо гуфт: «Он чи аз они император аст, бояд ба император баргардонда шавад ва он чи аз они Худост, ба Худо». Бигӯед, оё раво аст, ки мо ба императори Рум андозу хироҷ супорем ё не?» ба онҳо гуфт: «Шумо ин одамро ҳамчун вайронкунандаи халқ ба назди ман овардед. Ман дар ҳузури шумо ба Вай савол дода фаҳмидам, ки ин одам дар ягон ҷинояте, ки шумо Ӯро гунаҳкор мекунед, айбдор нест. Пилотус бори сеюм ҳам ба онҳо гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст? Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо намебинам, ки сазовори марг бошад. Ман Ӯро қамчинкорӣ карда ҷавоб медиҳам». Аз ин лаҳза Пилотус кӯшиш кард, ки Ӯро озод кунад, вале мардум фарёд мекарданд: «Агар Ӯро озод кунӣ, ту дӯсти император нестӣ! Касе, ки худро подшоҳ эълон мекунад, вай душмани император аст!»
Выбор основного перевода