Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Пилотус дид, ки дигар ҳеҷ чорае надорад, дар акси ҳол шӯриш сар шуданаш мумкин буд, дар пеши назари тамоми мардум об гирифта дастонашро шуста гуфт: «Ба хунрезии ин одам ман ҷавобгар нестам! Шумо худатон қарор кунед!» Пилотус гуфт: «Чаро? Охир Вай чӣ бадие кардааст?» Лекин онҳо боз баландтар фарёд заданд: «Ӯро мехкӯб кунед!» ва ба айбдор кардани Ӯ шурӯъ намуда, гуфтанд: «Мо аниқ кардем, ки ин одам мардуми моро аз роҳ мезанад. Вай ба император супоридани андозро манъ мекунад ва ҳатто худро Таъиншудаи Худо, Подшоҳ меномад». Пилотус ба сардорони рӯҳонӣ ва мардум гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айб наёфтам». «Ростӣ чист?» - пурсид аз Ӯ Пилотус.Ин суханонро гуфта, Пилотус боз ба назди яҳудиён баромаду гуфт: «Ман дар Ӯ ҳеҷ айберо наёфтам. Пилотус боз берун баромада, ба онҳо гуфт: «Акнун ман ин одамро пеши шумо меорам. Бидонед, ки ман дар Ӯ ҳеҷ айбе наёфтам».
Выбор основного перевода