Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?» Аммо Исо хомӯш истода, ҳеҷ ҷавобе надод. Сарвари рӯҳониён боз пурсид: «Магар Ту Таъиншуда ва Писари Худое ҳастӣ, ки ба Ӯ ҳамду сано мехонем?» Агар шумо ба чизҳои заминие, ки дар бораашон ба шумо гуфтам, бовар накунед, пас, вақте ки дар бораи чизҳои осмонӣ мегӯям, ба Ман чӣ тавр бовар мекунед? Лекин, азбаски Ман рост мегӯям, шумо ба Ман имон намеоред. Одамон Ӯро миёнагир карда пурсиданд: «То кай моро дар ноаниқӣ нигоҳ медорӣ? Ба мо рӯирост бигӯ, ки Ту Таъиншудаи Худо ҳастӣ ё не?» Сарвари рӯҳониён аз Исо дар бораи шогирдон ва таълимоти Ӯ пурсуҷӯ кард.
Выбор основного перевода