Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ӯ ҳар рӯз дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим медод. Сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва раисони халқи Исроил бошанд, дар фикри куштани Ӯ буданд. Ҳар рӯз Исо дар ҳавлии Хонаи Худо таълим медод ва бо фарорасии бегоҳ ба теппаи Зайтун рафта, ҳамон ҷо шабро рӯз мекард. Сипас онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд. Ин суханонро Ӯ ҳангоми дар назди хазинаи Хонаи Худо таълим додан гуфта буд. Вале касе Ӯро дастгир накард, чунки вақту соати Ӯ ҳоло нарасида буд. Ҷонам ҳоло дар азоб аст ва намедонам чӣ гӯям? Бигӯям, ки «Падар, Маро аз ин соат халос кун!», вале Ман маҳз барои ҳамин соат омадаам!
Выбор основного перевода