Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Онҳо ба гуноҳҳои худ иқрор мешуданд ва Яҳё онҳоро дар дарёи Урдун таъмид медод. Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, ҳамчун шаҳодати он ки шумо тавба кардаед, аммо касе, ки баъд аз ман меояд, шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва бо оташ таъмид хоҳад дод. Ӯ аз ман басо тавонотар аст. Ман ҳатто лоиқи он нестам, ки ба кафши Вай патак шавам. Ин шахс Яҳё пайғамбар буд, ки ба биёбон омада, ба эълон кардан даромад, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд. Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас таъмид медиҳад». Яҳё тамоми ноҳияҳои атрофи дарёи Урдунро тай намуда, эълон мекард, ки мардум барои бахшида шудани гуноҳҳояшон бояд тавба карда, аз гуноҳҳояшон даст кашанд ва таъмид бигиранд. Яҳё бошад, ба онҳо гуфт: «Ман шуморо бо об таъмид медиҳам, вале тавонотаре аз ман меояд, ки ман ҳатто сазовори кушодани банди пойафзоли Ӯ нестам. Ӯ шуморо бо Рӯҳи Муқаддас ва оташ таъмид хоҳад дод. ки аз ӯ пурсиданд: «Модоме ки шумо на Таъиншудаи Худо, на Илёс ва на ҳамон пайғамбаре ҳастед, ки дар мунтазираш ҳастем, пас чаро мардумро таъмид медиҳед?»
Выбор основного перевода