Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада метарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар ҳисоб мекарданд. Азбаски роҳбарони халқ фаҳмиданд, ки Исо бо ин масал онҳоро мисол овардааст, хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз мардум метарсиданд, бинобар ин Ӯро ба ҳоли худ гузошта рафтанд. То иди Балогардон ва иди Фатир ду рӯз монда буд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон роҳи бо ҳила дастгир карда, ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Ӯ ҳар рӯз дар ҳавлии Хонаи Худо мардумро таълим медод. Сардорони рӯҳонӣ, шариатдонон ва раисони халқи Исроил бошанд, дар фикри куштани Ӯ буданд. Сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон аз мардум метарсиданд, бинобар ин роҳи пинҳонӣ ба қатл расондани Исоро ҷустуҷӯ мекарданд. Бинобар ин дар роҳбарони яҳудӣ нияти куштани Исо боз зиёдтар шуд, чунки Ӯ на танҳо қоидаи рӯзи истироҳатро вайрон мекард, балки Худоро боз Падари худ номида, бо ҳамин худро бо Худо баробар мекард. Сипас онҳо хостанд Ӯро дастгир кунанд, вале аз сабаби он ки вақти Ӯ ҳанӯз нарасида буд, касе ба Ӯ даст нарасонд.
Выбор основного перевода