Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
От Луки
Параллельные места
Аз замони ба Бобил асир шуда рафтани исроилиён то таваллуди Исо инҳо гузаштаанд: Еконё, писараш Шаалтиил, писари Шаалтиил Зарубобил, писари Зарубобил Абиҳуд, писари Абиҳуд Элёқим, писари Элёқим Озур, писари Озур Содӯқ, писари Содӯқ Ёкин, писари Ёкин Элиҳуд, писари Элиҳуд Элъозор, писари Элъозор Маттон, писари Маттон Ёқуб ва писари Ёқуб Юсуф, ки шавҳари Марям буд. Аз Марям Исо таваллуд ёфт, ки Масеҳ, яъне Таъиншудаи Худо номида шуд. Таваллуди Исои Масеҳ ин тавр рӯй додааст: Марям, модари Исо, номзади Юсуф буд, аммо пеш аз он ки онҳо зану шавҳар шаванд, дар шиками ӯ бо қудрати Рӯҳи Муқаддас кӯдак пайдо шуд. Фаришта ба ӯ ҷавоб дод: «Ман Ҷаброил ҳастам ва дар ҳузури Худо меистам. Ӯ маро фиристод, то ки бо ту гап зада, ин хабари хушро ба ту бирасонам. Ӯ Марямро низ, ки номзадаш ва ҳамон вақт аллакай ҳомиладор буд, бо худ бурд, то ки номи ӯ ҳам ба қайд гирифта шавад.
Выбор основного перевода