Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Хушбахтед шумо, вақте ки мардум ба хотири Фарзанди Инсон аз шумо нафрат мекунанд, шуморо аз байнашон меронанд, дашном медиҳанд ва номатонро ба бадӣ бароварда аз шумо рӯй мегардонанд. Аммо ҳама аз роҳбарони яҳудиён тарсида, ошкоро дар бораи Ӯ сухане ҳам ба забон намегирифтанд. Онҳо ба ӯ ҷавоб доданд: «Ту пурра дар гуноҳ таваллуд шудаӣ ва боз моро таълим медиҳӣ!» Инро гуфта, ӯро берун ронданд. Ба ҳар ҳол, бисёри одамон, ҳатто аз байни мансабдорон низ ба Исо эътиқод карданд, вале аз тарси фарисиён ошкоро ба ин иқрор намешуданд, ки мабодо онҳоро аз ибодатхонаҳо ҷудо накунанд. Шуморо аз ибодатхонаҳо ҷудо мекунанд. Ҳатто чунон замоне фаро мерасад, ки кушандагони шумо фикр мекунанд, ки бо ин корашон ба Худо хизмат мекунанд.
Выбор основного перевода