Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Мардуме, ки аз паи Исо меомаданд, ҷавоб медоданд, ки ин Исо пайғамбар аз шаҳри Носираи вилояти Ҷалил аст. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиш карданд, ки Ӯро дастгир намоянд, аммо аз мардуми ҷамъомада метарсиданд, чунки онҳо Исоро пайғамбар ҳисоб мекарданд. Ҳамаро тарсу ҳарос фаро гирифт ва мардум Худоро ҳамду санохонон мегуфтанд: «Худо ба халқи худ назар андохт ва дар байни мо пайғамбари бузурге пайдо шуд». Зан ба Ӯ гуфт: «Хоҷаам, мебинам, ки Шумо пайғамбар ҳастед. Мардум мӯъҷизаи Исоро дида гуфтанд: «Ӯ ҳақиқатан ҳамон пайғамбарест, ки бояд ба ҷаҳон биёяд!» Баъзе аз мардум суханони Ӯро шунида гуфтанд: «Ин одам дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки мо мунтазираш будем!» Фарисиён ҳам ӯро пурсиданд, ки чӣ тавр ӯ бино шуд. Ӯ ҷавоб дод: «Ӯ ба чашмонам гил молиду ман рӯямро шустам ва акнун мебинам».
Выбор основного перевода