Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Бо шунидани ин хабар аҳли оилаи Исо ба наздаш омада, хостанд Ӯро бо худ баранд, зеро одамон мегуфтанд, ки Ӯ аз ақл бегона шудааст. Гурӯҳе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, чунин мегуфтанд: «Ӯ дар худ Баал-Забул, сардори девҳоро дорад ва бо қудрати вай девҳоро берун мекунад». «Чӣ тавр Шумо, ки яҳудӣ ҳастед, аз мани сомарӣ об мепурсед?»- гуфт ба Ӯ зани сомарӣ. (Гап дар сари он аст, ки яҳудиён бо сомариён рафтуомад надоранд). Мардум ҷавоб доданд: «Ту дев дорӣ! Кӣ Туро куштан мехоҳад?» Онҳо ба Вай гуфтанд: «Акнун мо яқин донистем, ки Ту девона ҳастӣ. Аҷдоди мо Иброҳим мурд ва пайғамбарон ҳам мурданд. Вале Ту мегӯӣ, ки касе суханони Туро иҷро кунад, ҳаргиз намемирад. Бисёре аз онҳо мегуфтанд: «Ӯ дев дорад ва аз ақл бегона шудааст! Чаро ба суханони Ӯ гӯш медиҳед?»
Выбор основного перевода