Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ҳатто фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон, ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед. Асло фикр накунед, ки ба сабаби аз насли Иброҳим буданатон ҷазо намебинед. Зеро ба шумо мегӯям, ки Худо аз ҳамин сангҳо барои Иброҳим насл ба вуҷуд оварда метавонад. Пас, чун дарахти мевадоре, ки меваи хуб медиҳад, дар амал нишон диҳед, ки ҳақиқатан тавба кардаед. «Аҷдоди мо Иброҳим аст!» - ба Ӯ ҷавоб доданд онҳо. Исо ба онҳо гуфт: «Агар шумо ҳақиқатан аз авлоди Иброҳим мебудед, корҳои Иброҳимро ба ҷо меовардед. Аҷдоди шумо Иброҳим шод буд, ки рӯзи омадани Маро мебинад. Вай ин рӯзро дид ва хурсанд шуд!»
Выбор основного перевода