Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Рӯзи иди Балогардони яҳудиён наздик омад ва Исо ба Ерусалим рафт. Бо вуҷуди он, аз байни мардум бисёриҳо ба Ӯ имон оварда мегуфтанд: «Вақте ки Таъиншудаи Худо меояд, магар аз ин одам бештар мӯъҷиза нишон дода метавонад?» Он гоҳ сардорони рӯҳонӣ ва фарисиён маҷлиси шӯроро ҷамъ карда, гуфтанд: «Чӣ кор мекунем? Ин одам мӯъҷизаҳои зиёде нишон медиҳад. Агар мо имконият диҳем, ки Ӯ кори худро давом диҳад, ҳама ба Ӯ имон меоваранд. Он вақт румиён омада, ҳам ҷои муқаддасамон ва ҳам халқи моро нест мекунанд».
Выбор основного перевода