Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Петрус ва ҳамроҳонашро хоб бурд ва ҳангоме ки бедор шуданд, шӯҳрату ҷалоли Исо ва он ду мардро, ки бо Ӯ меистоданд, диданд. Инак, Калом инсон шуд ва дар миёни мо истиқомат дошт. Мо шӯҳрату ҷалоли Ӯро дидем, ки мисли ҷалоли фарзанди ягонаи Падар пур аз марҳамату ростӣ буд. Ин мӯъҷизаи дуюме буд, ки Исо баъди аз Яҳудия ба Ҷалил баргаштанаш нишон дода буд. Исо ба ӯ гуфт: «Магар Ман ба ту нагуфта будам, ки агар имон оварӣ, шӯҳрату ҷалоли Худоро хоҳӣ дид?» Ишаъё барои он чунин гуфта буд, ки шӯҳрату ҷалоли Исоро дид ва дар бораи Ӯ сухан гуфт. Исо дар ҳузури шогирдони худ бисёр мӯъҷизоти дигареро ҳам нишон дода буд, ки дар бораи онҳо дар ин китоб гуфта нашудааст.
Выбор основного перевода