Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
ва онҳо Ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм Ӯ аз нав зинда мегардад». Шогирдон аз шунидани ин суханон сахт ғамгин гаштанд. Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Вай ба шумо чӣ гуфта буд? Ӯ гуфта буд, ки Фарзанди Инсон бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад». Ва занҳо суханони Исоро ба хотир оварданд. Шогирдони Ӯ инро он вақт нафаҳмиданд, вале ҳангоме ки Исо ба тамоми шӯҳрату ҷалоли Худо соҳиб шуд, онҳо ба ёд оварданд, ки дар навиштаҷот ҳамаи ин дар борааш навишта шуда буд ва бо Ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод. Вале Мададгор, Рӯҳи Муқаддас, ки Ӯро Падар аз номи Ман ба шумо мефиристад, ҳама чизро ба шумо ёд медиҳад ва ҳар сухани Маро ба хотири шумо меоварад.
Выбор основного перевода