Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Аммо худи Исо ба ҳеҷ кас дилашро накушод, чунки аз дили ҳамаи онҳо бохабар буд. Бинобар ин Ӯ мӯҳтоҷи он набуд, ки касе ба Ӯ дар бораи одамон шоҳидӣ диҳад. Ӯ худ медонист, ки дар дили инсон чӣ ҳаст. Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст. Бори сеюм Исо ба ӯ гуфт: «Эй Шимъӯни писари Юҳанно, ту Маро дӯст медорӣ?» Петрус ғамгин шуд, ки Исо бори сеюм аз ӯ мепурсад, ки Ӯро дӯст медорад ё не. «Худованд, ба Ту ҳама чиз маълум аст, - гуфт ӯ ба Исо. - Ту медонӣ, ки ман Туро дӯст медорам». Исо ба ӯ гуфт: «Гӯсфандони Маро чаррон.
Выбор основного перевода