Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Он гоҳ Исо гуфт: «Боз каме вақт бо шумо мемонаму баъд ба назди фиристандаи худ бармегардам. Иблис аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом Ман шуморо бепарастор намегузорам: боз ба назди шумо бармегардам. Пас аз андаке ҷаҳон Маро дигар намебинад, вале шумо Маро хоҳед дид. Азбаски Ман зиндаам, шумо ҳам зинда мешавед. Дар он рӯз медонед, ки Ман дар Падарам ҳастам ва шумо дар Ман ҳастед ва Ман дар шумо. Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва худро ба ӯ ошкор мекунам». Яҳудо (на Исқарют) гуфт: «Худовандо, ин чӣ тавр мешавад, ки Ту худро ба мо зоҳир мекунӣ, аммо на ба ҷаҳон?» Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва дар наздаш ҷой мегирем. Касе ки Маро дӯст намедорад, суханони Маро иҷро намекунад. Он сухане, ки шумо мешунавед, аз Ман нест, балки сухани Падар аст, ки Маро фиристодааст.
Выбор основного перевода