Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ӯ шабона назди Исо омада гуфт: «Устод, мо медонем, ки Шумо аз тарафи Худо фиристодашуда ҳастед. Чунки, агар Худо бо касе набошад, ӯ чунин мӯъҷизаҳоеро, ки Шумо нишон додаед, ба амал оварда наметавонад». Исо ба онҳо ҷавоб дод: «Агар Худо падари шумо мебуд, шумо Маро дӯст медоштед, зеро Ман аз ҷониби Худо омадаам. Ман худсарона наомадаам, балки Ӯ Маро фиристодааст. Иблис аллакай ба дили Яҳудои писари Шимъӯни Исқарют фикри дар ҳаққи Исо хиёнат карданро ҷо карда буд. Исо медонист, ки Падар ҳама чизро ба дасти Ӯ супоридааст ва Ӯ аз ҷониби Худо омада, ба пеши Худо бармегардад. Аз ин рӯ, ҳангоми хӯроки шом Ҳар кӣ бо фармонҳои Ман розӣ шаваду онҳоро иҷро кунад, вай касест, ки Маро дӯст медорад ва ҳар кӣ Маро дӯст дорад, ӯро Падари Ман ҳам дӯст медорад. Ман низ ӯро дӯст медорам ва худро ба ӯ ошкор мекунам». Исо дар ҷавоби ӯ гуфт: «Ҳар кӣ Маро дӯст дорад, каломи Маро риоя мекунад. Он гоҳ Падари Ман ҳам ӯро дӯст медорад. Мо пеши ӯ меоем ва дар наздаш ҷой мегирем. Зеро он каломеро, ки Ту ба Ман додӣ, Ман ба онҳо расондам ва онҳо қабул карда, дар ҳақиқат фаҳмиданд, ки Ман аз назди Ту омадаам ва боварӣ доранд, ки Ту Маро фиристодаӣ.
Выбор основного перевода