Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Дар Ӯ ҳаёт буд ва ин ҳаёт барои одамон равшанӣ буд. Ҳар кӣ ба Писар имон меоварад, соҳиби ҳаёти абадӣ мешавад, аммо ҳар кӣ ба Писар итоат намекунад, ҳеҷ гоҳ ҳаёт нахоҳад дид ва гирифтори ғазаби Худо мегардад». Ҳамон тавр ки Падар мурдагонро зинда мекунад ва ба онҳо ҳаёт мебахшад, ҳамчунин Писар, ба ҳар кӣ хоҳад, ҳаёт мебахшад. Чунон ки Падар сарчашмаи ҳаёт аст, Писарро низ сарчашмаи ҳаёт кардааст. Аз ин дар ҳайрат намонед, чунки вақту соате фаро мерасад, ки ҳамаи мурдагон садои Ӯро шунида аз қабрҳояшон мебароянд. Онҳо, ки некӣ карда буданд, барои ҳаёт ва онҳое, ки бадӣ карда буданд, барои маҳкум шудан бармехезанд. Касе ки ҳаёташро азиз дорад, онро аз даст медиҳад ва касе ки дар ин дунё аз ҳаёти худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти абадӣ нигоҳ медорад. Ва Ман медонам, ки фармони Ӯ ҳаёти абадӣ мебахшад. Бинобар ин Ман танҳо он чиро, ки Падар ба Ман фармудааст, мегӯям». Исо ба ӯ гуфт: «Ман роҳ, ростӣ ва ҳаёт ҳастам. Ҳеҷ кас пеши Падар намеояд, магар ин ки фақат ба воситаи Ман.
Выбор основного перевода