Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Ҳангоми таомхӯрӣ ба назди Ӯ зане омад, ки дар даст як кӯзачаи сангини гаронбаҳои пур аз атри қиматбаҳо дошт. Вай он атрро ба сари Исо рехт. Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯн ном махав меҳмон шуда буд. Дар вақти таомхӯрӣ зане омад ва як кӯзачаи сангини гаронбаҳоро пур аз атри қиматбаҳо оварда, онро шикасту ба сари Исо рехт. Вай аз пушт, назди пойҳои Исо истода мегирист ва ашкҳояш ба пойҳои Исо мечакиданд. Зан бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро мехушконид, бо эҳтиром онҳоро мебӯсид ва ба онҳо равғани хушбӯйро мемолид. Марям бошад, як шишаи атри ниҳоят қиматбаҳоро гирифта, ба пойҳои Исо молиду бо мӯйҳояш пойҳои Ӯро хушк кард. Хонаро бӯи муаттар фаро гирифт.
Выбор основного перевода