Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21
Параллельные места
Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Матто (он ки андоз ҷамъ мекард), Ёқуби писари Ҳалфӣ ва Таддо, Онҳо ба сӯи Ерусалим раҳсипор шуданд. Исо пешопеш мерафт. Шогирдони дарҳайратмонда ва одамон бо тарс аз паси Ӯ қадам мезаданд. Исо дувоздаҳ шогирдашро ба як тарафе бурда, бори дигар гуфт, ки дар Ерусалим Ӯро чӣ сарнавиште интизор аст. Вале Петрус бо қатъият гуфт: «Ҳатто агар ҳамроҳи Шумо ҷон додан лозим ояд, ҳаргиз Шуморо инкор намекунам». Дигарон низ чунин гуфтанд. Тумо, яке аз он дувоздаҳ шогирди Исо, ки боз Дугоник номида мешуд, ҳангоми омадани Исо дар он ҷо ҳамроҳи онҳо набуд. Шогирдони дигар ба ӯ гуфтанд: «Мо Худовандро дидем!» Вале ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «То бо чашмони худам изҳои мехро дар дастони Ӯ набинам ва ангуштамро ба он нагузорам ва дастамро ба захми паҳлӯяш намонам, бовар намекунам!» Баъд аз як ҳафта шогирдон боз ҷамъ омаданд ва Тумо ҳам ҳамроҳи онҳо буд. Дар баста буд, вале Исо омада, дар миёни онҳо истоду гуфт: «Ба шумо оромӣ мехоҳам!» Баъд ба Тумо гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузору дастонамро бин ва дастатро ба захми паҳлӯям гузор! Дигар шубҳа накуну бовар кун! Тумо ба Вай ҷавоб дод: «Эй Худованди ман, Худои ман!»
Выбор основного перевода