Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Баъд аз ба дувоздаҳ шогирд вазифа додан Исо аз он ҷо ба шаҳрҳои гирду атроф барои таълим додан ва эълон кардани хушхабар равона шуд. Исо нақл кардани масалҳоро тамом карду аз он ҷо баромада Исо суханонашро ба охир расонда, аз вилояти Ҷалил сӯи сарзамини Яҳудия, ки дар дигар тарафи дарёи Урдун ҷойгир буд, раҳсипор шуд. Исо таълим додани ҳамаи ин чизҳоро ба охир расонда, ба шогирдонаш гуфт: Мардум аз таълими Ӯ қоил монданд, чунки Ӯ бо қудрат таълим медод, ки шариатдонон ин тавр набуданд. Рӯзи истироҳат Ӯ дар ибодатхона ба таълим додани мардум шурӯъ кард. Бисёр касоне, ки Ӯро мешуниданд, ба ҳайрат афтода, чунин мегуфтанд: «Аз куҷо Вай ҳамаи ин чизҳоро дорад? Ин чӣ ҳикмате ба Ӯ дода шудааст? Чӣ хел мӯъҷизаҳои бузург бо дастони Ӯ иҷро шудаанд? Баъд аз он ки Исо тамоми суханҳояшро ба мардум гуфта шуд, вориди шаҳри Кафарнаҳум гашт. Одамон аз таълимоти Ӯ қоил мемонданд, чунки суханонаш боқудрат буданд. Посбонон ҷавоб доданд: «Касе ҳаргиз монанди ин шахс сухан нагуфтааст!»
Выбор основного перевода