Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
На ҳама касоне, ки Маро доимо Худованди худ меноманд, ба подшоҳии Худо дохил мешаванд, балки фақат онҳое, ки хости Падари дар осмон будаамро иҷро мекунанд. Ҳоло ба шумо ба кӣ монанд будани касеро мефаҳмонам, ки пеши Ман омада, сухани Маро мешунавад ва аз рӯи он амал мекунад. Ӯ ба одаме монанд аст, ки барои сохтани хонааш заминро чуқур канда, пойдеворашро болои санге мегузорад. Ҳангоме ки сел меояду оби пурталотумаш хонаро зер мекунад, ба он ҳеҷ осебе намерасад, чунки пойдевораш мустаҳкам сохта шудааст. Аммо касе, ки суханони Маро шунида, аз рӯи он амал намекунад, ба одаме монанд аст, ки хонаашро бе пойдевор болои хок сохтааст. Пас, вақте ки сел омада, оби пурталотумаш хонаро зер мекунад, он ба зудӣ фурӯ рафта несту нобуд мешавад».
Выбор основного перевода