9
Ҳанӯз Ирмиё пайғамбар пешгӯӣ карда гуфта буд: «Аз рӯи фармоне, ки Худо ба ман гуфт, онҳо сӣ тангаи нуқраро, яъне ҳамон маблағе, ки халқи Исроил Ӯро баҳо доданд, гирифта ба харидани саҳрои кӯзагар сарф карданд». Пас, ин пешгӯӣ ба амал омад.
Баъд ба онҳо гуфт: «Суханҳоеро, ки ҳанӯз дар вақти бо шумо буданам ба шумо мегуфтам, чунин маъно доранд: ҳамаи он чизе, ки нисбати Ман дар шариати Мӯсо, гуфтаҳои пайғамбарон ва дар Забур навишта шудааст, бояд иҷро шавад».