Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Он гоҳ иблиси васвасакор назди Ӯ омада гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас ба ин сангҳо фармон деҳ, ки нон шаванд». ва ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо поён парто. Охир дар навиштаҷот гуфта шудааст, ки„Худо ба фариштагони худ дар бораи Ту фармон хоҳад додва онҳо Туро бар болои дастонашон хоҳанд бардошт,то ки поят ба санге назанад”». гуфтанд: «Ин одам гуфта буд, ки Хонаи Худоро вайрон карда, онро дар мобайни се рӯз аз нав барпо карда метавонад». Вале Исо хомӯш буд. Бори дигар сарвари рӯҳониён ба Ӯ гуфт: «Ба Худои зинда бигӯ, ки Ту ҳамон Таъиншуда ва Писари Худо ҳастӣ?» «Мо шунидем, ки Ӯ мегуфт: „Ман ин Хонаи Худоро, ки бо дасти инсон сохта шудааст, вайрон мекунам ва баъд аз се рӯз дигаре бе кӯмаки инсон месозам”». Иблис ба Ӯ гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, ба ин санг фармон деҳ, ки нон шавад». Баъд иблис Ӯро ба Ерусалим бурд ва ба нуқтаи баландтарини Хонаи Худо гузошта гуфт: «Ту Писари Худо ҳастӣ-ку, пас, худро аз ин ҷо ба поён парто. Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ин Хонаи Худоро вайрон кунед ва Ман онро дар муддати се рӯз аз нав барпо мекунам». «Ин Хонаи Худо дар давоми чилу шаш сол сохта шуда буд. Ту бошӣ, онро дар муддати се рӯз аз нав барпо кардан мехоҳӣ?!»- гуфтанд онҳо.
Выбор основного перевода