Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ана масали дигар, ки бо он подшоҳии Худоро тасвир кардан мумкин: якчанд моҳигир тӯрҳои худро ба кӯл мепартоянду ба тӯрашон ҳар гуна моҳиҳо меафтанд. Бинобар ин, ба шумо мегӯям, ки имконияти аз они подшоҳии Худо будан аз шумо гирифта мешавад ва ба халқҳое дода мешавад, ки хости Худоро иҷро мекунанд. Инак, он ёздаҳ шогирд ба Ҷалил рафта ба кӯҳе, ки Исо ба онҳо гуфта буд, баромаданд. Онҳо Ӯро дидан замон ба Ӯ саҷда карданд, аммо баъзеашон шубҳа доштанд. Исо ба шогирдонаш наздик шуда гуфт: «Тамоми ҳукму қудрат дар замину осмон ба ихтиёри Ман дода шудааст. Пас, равед ва ҳамаи ҳалқҳои рӯи заминро ба Ман шогирд созед: онҳоро аз номи Падар, Писар ва Рӯҳи Муқаддас таъмид диҳед ва иҷро кардани ҳама чизеро, ки ба шумо фармудаам, ёд диҳед. Инак, Ман ҳамеша то охири замон бо шумо мемонам».
Выбор основного перевода