Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ҳоло ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки санг бар болои сангаш намонда, ҳамааш ба замин яксон мешавад». Ҳоло бошад, он душманонамро, ки намехостанд бар онҳо подшоҳӣ кунам, ба ин ҷо биёреду дар пеши назарам ба қатл расонед”». Аз барои он ки ту ба наздат омадани Худовандро нафаҳмидӣ, ба сарат рӯзҳои сахт хоҳанд омад. Душманонат туро бо хоктӯдаҳо иҳота карда, муҳосира хоҳанд намуд. Онҳо аз ҳар тараф фишор оварда, туву сокинонатро ба хок яксон хоҳанд кард ва аз ту санг бар санге нахоҳад монд». Ҳамин ки Ерусалимро дар иҳотаи аскарон дидед, бидонед, ки вақти вайрон шудани он наздик аст. Он вақт, агар касе дар Яҳудия бошад, ба кӯҳистон гурезад. Касе, ки дар Ерусалим бошад, аз он ҷо биравад ва касе, ки дар гирду атрофи шаҳр ҳаст, ба шаҳр барнагардад. Чун он рӯзҳо, ҳамчун иҷрошавии гуфтаҳои навиштаҷот, рӯзҳои ҷазо мешаванд. Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд ва модароне, ки кӯдаки ширхор хоҳанд дошт, чунки дар замин мусибати бузурге ба амал меояду ин мардум гирифтори ғазаб мешавад. Баъзеҳо аз дами шамшер ҳалок мегарданду дигаронро ба мамлакатҳои гуногун асир карда мебаранд. Ғайрияҳудиён бошанд, то вақти ба охир расидани давраи онҳо Ерусалимро поймол мекунанд.
Выбор основного перевода