Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Баъд барои истиқомат кардан, Исо аз Носира ба шаҳри Кафарнаҳум, ки дар назди кӯли Ҷалил ва дар ноҳияҳои Забулуну Нафтолӣ ҷойгир шудааст, меравад. «Эй Исои Носирӣ, Ту ба мо чӣ кор дорӣ?! Магар барои нобуд кардани мо омадаӣ?! Туро медонам! Ту Шахси муқаддаси Худо ҳастӣ!» Дар моҳи шашум Худо фаришта Ҷаброилро ба шаҳри Носираи сарзамини Ҷалил фиристод. Юсуф низ аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил воқеъ гаштааст, ба сарзамини Яҳудия сафар кард. Азбаски ӯ аз авлоди шоҳ Довуд буд, бояд номаш дар шаҳри Байт-Лаҳм, ки ҷои таваллуди Довуд аст, ба қайд гирифта мешуд. Баъд аз он ки Юсуф ва Марям ҳамаи корҳоро аз рӯи шариати Худованд иҷро карданд, ба шаҳри худ, ки Носираи Ҷалил аст, баргаштанд. «Аз Носира? Магар аз Носира чизи хубе баромада метавонад?»- гуфт Натаноил. Филиппус ҷавоб дод: «Рафтем ва худат мебинӣ».
Выбор основного перевода