Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Дар замони ҳукмронии Ҳиродус ном подшоҳи сарзамини Яҳудия рӯҳоние зиндагӣ мекард, ки аз авлоди Абиёи рӯҳонӣ буд. Вай Закарё ном дошт ва занашро, ки аз авлоди Ҳоруни рӯҳонӣ буд, Элисобат меномиданд. Дар он вақтҳо император Авғустус фармон баровард, ки дар саросари империя саршумории аҳолӣ гузаронида шавад. Ин аввалин саршуморӣ буд, ки дар замони ҳукмронии Кириниюс дар Сурия гузаронида мешуд. Ҳар кас барои ба қайд гирифта шудани номаш бояд ба шаҳри худ мерафт. Юсуф низ аз шаҳри Носира, ки дар сарзамини Ҷалил воқеъ гаштааст, ба сарзамини Яҳудия сафар кард. Азбаски ӯ аз авлоди шоҳ Довуд буд, бояд номаш дар шаҳри Байт-Лаҳм, ки ҷои таваллуди Довуд аст, ба қайд гирифта мешуд. Ӯ Марямро низ, ки номзадаш ва ҳамон вақт аллакай ҳомиладор буд, бо худ бурд, то ки номи ӯ ҳам ба қайд гирифта шавад. Ҳангоме ки онҳо дар Байт-Лаҳм буданд, вақти таваллуди кӯдак фаро расид. Азбаски дар меҳмонхона барои онҳо ҷое ёфт нашуд, Марям фарзанди аввалинашро, ки писар буд, таваллуд карда, парпеч намуда, дар охур хобонд. Дар замони сарвари рӯҳониён будани Ҳонон ва Қаёфо каломи Худо дар биёбон ба гӯши Яҳёи писари Закарё расид. Ин воқеа дар соли понздаҳуми ҳукмронии император Тибариюс рӯй дод. Дар он айём Понтиюс Пилотус фармонравои Яҳудия ва Ҳиродус ҳокими Ҷалил буданд. Бародари Ҳиродус Филиппус бошад, дар Итурияву вилояти Тархонитус ҳукмронӣ мекард ва Лисониюс ҳокими Абилин буд.
Выбор основного перевода