Сипас аз осмон нидое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз Ӯ хеле хушнудам».
«Ана он хизматгорам, ки Ман интихоб кардам.Ӯ роҳати ҷонам аст ва Ман Ӯро азиз медонам.Ман Рӯҳамро бар Ӯ мефиристамва Ӯ ба ҳамаи халқҳо адолатамро эълон мекунад.
Сипас аз осмон овозе садо дод: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам».
Рӯҳи Муқаддас дар шакли кабӯтаре фаромада, дар болои Ӯ қарор гирифт ва садое аз осмон баромад, ки мегуфт: «Ту Писари азизи Ман ҳастӣ ва Ман аз Ту хушнудам!»