Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Аз ҳамон вақт сар карда Ӯ ба шогирдонаш кушоду равшан мегуфт, ки бояд ба Ерусалим равад ва дар он ҷо аз дасти пирони қавм, сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон бисёр азоб мекашад. Оқибат Ӯ кушта мешавад, вале баъд аз се рӯз аз нав зинда мегардад. Исо ба сӯи Ерусалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, Исо он дувоздаҳ нафарро як сӯ бурда, ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо ҳар чизе ки пайғамбарон дар бораи Фарзанди Инсон навиштаанд, ба амал хоҳад омад. Ба ёд оред, ки вақти дар Ҷалил буданаш Вай ба шумо чӣ гуфта буд? Ӯ гуфта буд, ки Фарзанди Инсон бояд ба дасти гунаҳкорон супорида шавад ва онҳо бояд Ӯро ба салиб мехкӯб кунанд, вале дар рӯзи сеюм Ӯ бояд зинда гардад».
Выбор основного перевода