Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками наҳанг гузаронда буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон се шабу се рӯзро зери хоки замин мегузаронад. Ҳангоме ки шогирдон дар Ҷалил ҷамъ омаданд, Исо ба онҳо гуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, лекин дар рӯзи сеюм Ӯ аз нав зинда мегардад». Шогирдон аз шунидани ин суханон сахт ғамгин гаштанд. Исо ба сӯи Ерусалим роҳравон шогирдонашро ба як тарафе бурда танҳо ба онҳо гуфт: «Ана, мо ба Ерусалим рафта истодаем. Дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон супорида мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум карда, ба дасти беимонон месупоранд. Беимонон бошанд, Ӯро масхараву қамчинкорӣ карда, оқибат ба салиб мехкӯб менамоянд. Лекин Вай дар рӯзи сеюм аз нав зинда мешавад». Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад.
Выбор основного перевода