Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
Параллельные места
Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. Ман намехоҳам, ки онҳоро аз пеши худ гурусна ҷавоб диҳам, мабодо дар роҳ аз ҳол нараванд». Шогирдонаш ба Ӯ гуфтанд: «Дар ин биёбон мо аз куҷо ин қадар нон меёбем, ки ба чунин тӯдаи одамон расонда тавонем?» Исо дар навбати худ аз онҳо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» «Ҳафтто,- ҷавоб доданд онҳо,- ва якчанд моҳии хурд ҳам дорем». Ӯ мардумро фармуд, ки рӯи замин бишинанд. Баъд он ҳафт нону моҳиҳоро ба даст гирифта, Худоро шукргӯён онҳоро пора кард ва ба шогирдонаш дод. Шогирдонаш нонпораҳоро гирифта ба мардум тақсим карданд. Ҳамаи то сер шудан хӯрданду шогирдон боз ҳафт сабади калон пур аз нонпораҳои боқимонда ҷамъ карданд. Шумораи онҳое, ки нону моҳӣ хӯрда буданд, ғайр аз занону кӯдакон, чор ҳазор нафар буд. Дар яке аз ҳамин рӯзҳо боз тӯда-тӯдаи одамон ба назди Исо ҷамъ омаданд ва чизи хӯрдание надоштанд. Исо шогирдонашро ба наздаш даъват карда гуфт: «Ба ин одамон раҳмам меояд, онҳо се рӯз боз бо Ман ҳастанд ва ҳеҷ хӯрдание надоранд. Агар онҳоро гурусна ба хонаҳояшон фиристам, дар роҳ аз ҳол мераванд ва баъзеи онҳо аз роҳи дур омадаанд». Шогирдонаш гуфтанд: «Магар касе метавонад дар ин биёбон ин қадар одамро аз нон сер кунад?» Исо пурсид: «Шумо чанд нон доред?» Гуфтанд: «Ҳафтто». Ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯи замин шинанд. Баъд он ҳафт нонро гирифта, ба Худо шукр гуфт ва онро пора карда, ба шогирдонаш дод, ки тақсим кунанд ва онҳо нонро ба мардум тақсим карданд. Онҳо инчунин чанд моҳии майда ҳам доштанд. Исо Худоро барои онҳо шукр гуфта, фармуд, ки он моҳиҳо низ байни мардум тақсим шаванд. Мардум хӯрда сер шуданд ва аз хӯроки боқимонда ҳафт сабади калонро пур карданд. Дар он ҷо қариб чор ҳазор нафар буданд ва Исо онҳоро ҷавоб дод.
Выбор основного перевода