Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Ба шумо мегӯям, ки Илёс аллакай омадааст ва одамон вайро нашинохтанду ҳар коре, ки хостанд, бо вай карданд. Бо Фарзанди Инсон низ ҳамон тавр рафтор хоҳанд кард». Исо ҷавоб дод: «Дуруст, аввал Илёс омада, ҳама чизро барқарор мекунад. Вале Фарзанди Инсон, чунон ки дар борааш навишта шудааст, азоб кашида, хору зор мегардад. чунки Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Фарзанди Инсон ба дасти одамон супорида мешавад ва онҳо Ӯро мекушанд, вале баъд аз се рӯз Вай аз нав зинда мешавад». Ӯ гуфт: «Мо ба Ерусалим рафта истодаем, ки дар он ҷо Фарзанди Инсон ба дасти сардорони рӯҳонӣ ва шариатдонон фурӯхта мешавад. Онҳо Ӯро ба марг маҳкум мекунанду баъд ба дасти беимонон месупоранд. Вале аввал Ӯ бояд азоби бисёре кашида, аз тарафи насли ин замон рад карда шавад.
Выбор основного перевода