Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Он гоҳ баъзе аз фарисиён ва шариатдонон ба Исо гуфтанд: «Устод, мехостем, ки ягон нишонае ба мо диҳед». Лекин Исо ҷавоб дод: «Эй насли одамони баду ба Худо бевафо! Шумо нишона талаб мекунед?! Бароятон ҳеҷ нишонае ғайр аз он чи бо Юнус пайғамбар рӯй дода буд, дода намешавад. Чи тавре ки Юнус се шабу се рӯзро дар шиками наҳанг гузаронда буд, ҳамон тавр Фарзанди Инсон се шабу се рӯзро зери хоки замин мегузаронад. Дигарон бошанд, Ӯро озмуданӣ шуда, талаб мекарданд, ки аз ҷониби Худо нишонае диҳад. Мардуми зиёде дар гирди Исо ҷамъ меомаданд ва Ӯ сухан оғоз намуда гуфт: «Чӣ бад аст насли ҳозира, ки нишонаеро талаб мекунад, вале ғайр аз нишонаи Юнуси пайғамбар ба онҳо нишонаи дигаре дода намешавад. Онҳо пурсиданд: «Ту ба мо чӣ мӯъҷизае нишон медиҳӣ, ки мо онро дида ба Ту имон оварем? Ту чӣ кор мекунӣ?
Выбор основного перевода