Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Ҳанӯз Исо суханонашро давом медод, ки марде аз ҷумлаи сардорон ба наздаш омад ва ба Ӯ таъзим карда гуфт: «Ҳозиракак духтарам мурд, аммо агар биёеду ба вай даст гузоред, вай зинда мешавад». Ҳанӯз он ду мард дур нарафта, якчанд кас ба пеши Исо мардеро оварданд, ки аз сабаби дев доштанаш, гунг буд. Ӯ зорикунон гуфт: «Духтарам дар дами марг аст. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки биёед ва дастатонро бар ӯ бигузоред, то шифо ёбаду зинда монад». Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?» Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид. Вақти ғуруби офтоб ҳамаи онҳоеро, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор буданд, ба назди Исо меоварданд. Ӯ дасти худро болои сари ҳар яке аз онҳо мегузошту шифояшон медод. Боре Исо деви як мардро берун кард. Ин дев, деви гунгӣ буд ва вақте ки ӯ берун баромад, марди гунг ба гап даромаду мардум ба ҳайрат афтоданд. Исо инро дида, ба наздаш даъват кард ва дастонашро бар ӯ гузошта, гуфт: «Эй зан! Ту аз бемориат раҳоӣ ёфтӣ». Қомати зан дарҳол рост шуда, вай Худоро ҳамду сано хонд. Ҳама то сер шудан хӯрданд ва аз пораҳои боқимонда боз дувоздаҳ сабад пур шуд.
Выбор основного перевода