21
Чунки маҳз аз дохил, аз дили инсон ниятҳои бад берун меоянд, ба монанди алоқаи беникоҳ, дуздиву одамкушӣ ва бахилӣ, фиребу найранг, бадкориву бадахлоқӣ, ҳасаду тӯҳматкунӣ, мағрурӣ ва бефаросатӣ.
Эй морзодагони маккор! Чӣ хел шумо суханони нек гуфта метавонед, дар сурате ки худатон бад ҳастед. Охир, он чи дилатонро пур мекунад, баъд лабрез шуда аз забонатон берун мебарояд.
Шахси нек аз хазинаи некаш чизҳои нек ва шахси бад аз хазинаи бадаш чизҳои бад берун меорад.