Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Дили Исо ба ҳоли мард сӯхт ва дасташро ба вай расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам! Пок шав!» Азбаски Исо беморони зиёдеро шифо бахшида буд, ҳамаи беморон аз ҳар тараф Ӯро пахш мекарданд, то дасташон ба Ӯ расаду шифо ёбанд. Ба ҳар ҷое, ки Исо мерафт, чи дар деҳоту чи дар шаҳрҳо, одамон беморонро сари роҳи Ӯ гузошта, илтимос мекарданд, ки ақаллан ба лаби доманаш даст расонанд ва ҳар касе ки даст мерасонд, шифо меёфт. Вақте ки онҳо ба Байт-Сайдо расиданд, чанд нафаре марди кӯреро ба назди Исо оварда, хоҳиш карданд, ки ба вай даст расонда шифо диҳад. Бинобар ин ҳама кӯшиш мекарданд, ки дасти худро ба Исо бирасонанд, чун қуввае, ки аз Ӯ берун меомад, ҳамаро шифо мебахшид.
Выбор основного перевода