Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Он гоҳ Исо дасташро ба ӯ расонда гуфт: «Албатта, мехоҳам, пок шав!» ва он мард дарҳол аз касалии махав пок гашт. Бинобар ин Исо дар он шаҳр мӯъҷизаи бузурге нишон дода натавонист, танҳо ба чанд бемор даст расонда, онҳоро шифо дод. Дар он ҷо ба наздаш мардеро оварданд, ки кар буду забонаш мегирифт. Онҳо илтимос карданд, ки Исо бар ӯ даст гузошта, шифояш диҳад. Исо дасти он мардро гирифта аз деҳа берун бурд. Баъд оби даҳонашро ба чашмони мард молида, дастонашро бар Ӯ гузошту пурсид: «Ягон чиз мебинӣ?» Исо бори дигар дастонашро ба чашмони он мард гузошт. Ин дафъа мард бо диққат нигоҳ кард ва чашмонаш шифо ёфтанду ӯ ҳама чизро хуб дид.
Выбор основного перевода