Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Исо роҳашро давом дода ба ибодатхона рафт. Дар байни одамони он ҷо марде ҳузур дошт, ки дасташ хушк шуда буд. Баъзе аз ҳозирон, ки мехостанд ба сари Исо айб монанд, аз Исо пурсиданд: «Оё аз рӯи шариат дар рӯзи истироҳат одамро шифо додан мумкин аст?» Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Фарз кардем, ки шумо як гӯсфанде дореду он ҳам бошад дар рӯзи истироҳат ба чоҳ меафтад. Наход шумо рафта, онро аз чоҳ кашида нагиред? Қадри инсон бошад аз гӯсфанд чӣ қадар баландтар аст. Пас, дар рӯзи истироҳат некӣ кардан равост. Баъд ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз кард, ки он мисли дасти дигараш сиппа-сиҳат шуд. Боз як рӯзи истироҳат Исо ба ибодатхона рафта, машғули таълим шуд. Дар он ҷо як марде ҳузур дошт, ки дасти росташ хушк шуда буд. Шариатдонон ва фарисиён мехостанд бинанд, ки Исо дар рӯзи истироҳат касеро шифо медиҳад ё не, то тавонанд Ӯро дар ин кор айбдор бикунанд. Аммо Исо фикри онҳоро медонист ва ба марди дасташ хушкшуда гуфт: «Бархез ва дар миёнҷо исто». Он мард бархесту истод. Исо ба онҳо гуфт: «Ба шумо саволе медиҳам: оё дар рӯзи шанбе некӣ кардан равост ё бадӣ? Ҷони касеро наҷот ё барбод додан?» Баъд ба ҳамаи онҳо нигоҳ карда, ба он мард гуфт: «Дастатро дароз кун». Вай дасташро дароз карду дасташ сиҳат шуд.
Выбор основного перевода