Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Лекин Исо ба вай ҷавоб гардонда гуфт: «Аз паси Ман биё ва бимон, ки мурдагон мурдаҳои худро ба хок супоранд». Исо ба вай гуфт: «Агар хоҳӣ, ки комил бошӣ, рафта, тамоми молу мулкатро фурӯшу пулашро ба қамбағалон тақсим бикун. Он гоҳ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». Исо ба онҳо гуфт: «Омада Маро пайравӣ кунед, то ба ҷои моҳӣ ҷамъ кардани мардумро ба шумо омӯзам». Исо ба ӯ бо нигоҳи гарму пурмеҳр гуфт: «Ба ту фақат як чиз намерасад: бирав, ҳар чӣ, ки дорӣ, бифурӯш ва пулашро ба бечорагон тақсим бикун, он гоҳ соҳиби ганҷинаи осмонӣ мегардӣ. Баъд омада, Маро пайравӣ намо». Рӯзи дигар Исо қарор дод, ки ба Ҷалил биравад. Ӯ Филиппусро ёфта, гуфт, ки аз пасаш биёяд. Домод соҳиби арӯс аст ва дӯсти домод бошад, дар паҳлӯи ӯ истода, овози домодро шунида хурсанд мешавад. Ҳамин тавр шодии ман пурра шуд. Бо ин суханон Исо ба Петрус фаҳмонд, ки бо кадом роҳ марги Петрус Худоро шӯҳрату ҷалол хоҳад дод. Баъд ба Петрус гуфт: «Аз паси Ман биё». Исо ҷавоб дод: «Агар Ман хоҳам, ки ӯ то вақти бозгаштанам зинда монад, ба ту ин чӣ дахл дорад? Ту аз паси Ман биё!»
Выбор основного перевода