Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Исо роҳи худро давом медод, ки ду бародари дигар, Ёқуб ва Юҳанноро дид. Онҳо бо падарашон Забдой дар қаиқ буданд ва тӯрҳои худро таъмир мекарданд. Исо онҳоро низ даъват кард Ана номҳои он дувоздаҳ вакилаш: аввалин Шимъӯн (ӯро боз Петрус меномиданд), бародари Шимъӯн Андриёс, баъд бародарон Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд, Пас аз шаш рӯз Исо Петрус ва бародарон Ёқубу Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта ба баландии кӯҳе бурд, ки он ҷо онҳо танҳо буданд. Каме дуртар рафта Исо писарони Забдойро дид, ки Ёқуб ва Юҳанно ном доштанд. Онҳо дар қаиқи худ тӯрҳои моҳигириро таъмир мекарданд. Ҳамин ки Исо аз ибодатхона баромад бо ҳамроҳии Ёқуб ва Юҳанно ба хонаи Шимъӯну Андриёс рафт. Ёқуб ва Юҳанно, ки писарони Забдой буданд ва Исо онҳоро «писарони раъд» меномид, Инро гуфт ва ба ғайр аз Петрус, Ёқуб ва бародари ӯ Юҳанно ба дигарон иҷозат надод, ки ҳамроҳаш бираванд. Пас аз шаш рӯз Исо танҳо Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро ҳамроҳаш гирифта, ба болои кӯҳи баланд баромад. Дар он ҷо рангу рӯи Исо дар пеши назари шогирдонаш дигаргун шуд. Даҳ шогирди дигар инро шунида, ба Ёқубу Юҳанно сахт қаҳрашон омад. Вақте Исо дар болои теппаи Зайтун, рӯ ба рӯи Хонаи Худо менишаст, Петрус, Ёқуб, Юҳанно ва Андриёс дар танҳоӣ аз Ӯ пурсиданд: Ӯ бо худ Петрус, Ёқуб ва Юҳанноро бурд. Ғаму аламаш сахт шиддат меёфт ва Ёқубу Юҳанно низ, ки писарони Забдой ва шарикони Шимъӯн буданд, ҳайрон шуданд. Вале Исо ба Шимъӯн гуфт: «Натарс, баъд аз ин одамонро монанди моҳӣ ҷамъ хоҳӣ кард». Шимъӯн, ки Исо ӯро Петрус номид ва бародари Шимъӯн Андриёс, Ёқуб ва Юҳанно, Филиппус ва Барталмо, Вақте ки Исо ба назди хонаи Ёир омада расид, ба ғайр аз Петрус, Юҳанно, Ёқуб ва падару модари он духтар ба каси дигаре иҷозат надод, ки бо Ӯ ба хона дарояд. Аз ин гуфтугӯ тақрибан ҳашт рӯз гузашт. Исо Петрус, Юҳанно ва Ёқубро бо худ гирифта, барои дуогӯӣ ба болои кӯҳе баромад. Шогирдонаш Ёқуб ва Юҳанно инро дида гуфтанд: «Худовандо! Биёед, мегӯем, ки аз осмон оташе борида онҳоро нобуд созад?»
Выбор основного перевода