Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Дар замин барои худ боигарӣ ҷамъ накунед, ки дар ин ҷо куяву занг мезанад ва ғоратгарон зада даромада, онро медузданд. Баръакс, мукофоти Худоро ба даст оред, ки бароятон дар осмон нигоҳ дошта мешавад. Ана чунин боигариро на куяву занг мезанаду на ғоратгарон зада даромада, медузданд. Касе ки Маро пайравӣ карданӣ шуда бо худ салиби азобу маргашро нагирад, лоиқи шогирди Ман шудан нест. Баъд Исо шогирдон ва мардумро ба наздаш ҷамъ карда гуфт: «Ҳар касе аз шумо, ки мехоҳад пайрави Ман бошад, бояд аз манфиатҳои худ даст кашида, салиби азобу маргашро бардошта барад, он гоҳ Маро пайравӣ кунад. Он чиро, ки доред, бифурӯшеду ба камбағалон садақа диҳед. Ҳамёнҳоеро ба даст оред, ки ҳеҷ вақт намедаранд. Дар осмон боигариеро ҷамъ кунед, ки ҳеҷ вақт тамом намешавад, чунки дасти дузд ба он ҷо намерасад ва куя онро намезанад.
Выбор основного перевода