Выбор основного перевода
Открыть комментарий или сравнить с другим переводом
Выбор книги основного перевода
От Марка
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Параллельные места
Исо ба тамоми вилояти Ҷалил рафта, дар ибодатхонаҳо мардумро таълим медод, хабари хушро дар бораи подшоҳии Худо эълон мекард ва ба ҳар дарду бемории одамон шифо мебахшид. Ҳангоме ки рӯзи ҷавобдиҳӣ фаро мерасад, мардуми зиёд ба Ман мегӯянд: „Эй Худованд! Магар мо аз номи Ту пайғоми Худоро ба одамон эълон намекардем? Магар аз номи Ту девҳоро намерондем ва магар аз номи Ту бисёр мӯъҷизаҳоро нишон намедодем?” Вале Исо рӯҳи нопокро сарзаниш карда фармуд, ки хомӯш шавад ва аз даруни он одам берун барояд. Ӯ одамони зиёдро аз бемориҳои гуногун шифо дод, бисёр девҳоро берун кард ва нагузошт, ки девҳо чизе бигӯянд, зеро онҳо кӣ будани Ӯро медонистанд. гуфт: «Дар ин бора зинҳор ба ҳеҷ кас нагӯй, балки рост назди рӯҳонӣ рафта, худро нишон деҳ ва барои пок шудани худ, ҳамон тавре ки Мӯсо фармудааст, қурбонӣ бикун, то ба онҳо шаҳодате гардад». Вале Исо бо таъкиди қатъӣ ба онҳо амр мекард, ки Ӯро маълум накунонанд. Исо онҳоро ҷиддӣ таъкид карда гуфт, ки ин воқеаро ба касе нагӯянд ва хоҳиш кард, ки ба духтар хӯрок бидиҳанд. Исо ба онҳо гуфт, ки ба касе чизе нагӯянд, вале ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, онҳо ҳамон қадар зиёдтар овозаҳо паҳн мекарданд. Исо ӯро ба хонааш фиристода таъкид кард, ки ба деҳа барнагардад.
От Марка
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16
Выбор основного перевода